Сарфи назар аз масофаи бузурги ҷуғрофӣ, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, Тоҷикистон ва Африқои Ҷанубӣ бисёр умумиятҳо дошта, беҳгардонии шароити зисти аҳолии худ дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ҳадафи умумиашон аст.
Муносибатҳои мутақобилан судманд байни АфриқоиҶанубӣ ва Тоҷикистон ба арзишҳои асосии онҳо такя карда, ба мубодилаи иқтисодӣ ва маданӣ мусоидат менамоянд. Ин робитаи қавӣ ба ҳарду кишвар имкон додааст, ки дар асри 21 рушду нумӯъ кунанд ва дар ин асно кӯҳҳо, уқёнусҳо ва биёбонҳо ба омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба онҳо монеа шуда натавонистанд.
Ба туфайли роҳи пайвандгари тамаддунҳо ва нуқтаҳои транзитии тиҷоратӣ байни Шарқ ва Ғарб буданашон, ҳарду мамлакат донишҳои нодири умумиинсониро омӯхта ва дар амал татбиқ намуда, зина ба зина рушд кардаанд. Ин омил ба ҳарду давлат имкон додааст, ки аз илм, фарҳанг, фалсафа ва хирад дастрасии беҳтар бархӯрдор бошанд.
Ҳарду миллат ҳам аз замонҳои дур дар санъат бисёр кӯшидаанд. Санъати ҳар як аз ин кишварҳо дар натиҷаи омезиши фарҳанги худ бо дигар халқиятҳо ташаккул ёфтааст. Масалан, Африқои Ҷанубӣ давлати сермиллат аст. Забони хос ва мероси фарҳангии ҳар як гуруҳи этникӣ
Нишони худро дар санъати Африқои Ҷанубӣ гузоштааст. Тоҷикистон мисли Африқои Ҷанубӣ сермиллат набошадҳам, давлатҳову шоҳигариҳои мухталиф, ки дар давоми таърих дар минтақа ҳукмрон будандва ё равобити тиҷоратӣ доштанд, таъсири худро ба фарҳанги он гузоштаанд.
Қатъи назар аз ин тафовутҳо ҳам Африқои Ҷанубӣ ва ҳам Тоҷикистон ҳама чизҳои беҳтарини дигар тамаддунҳоро ба худ гирифта тараққӣ карданд ва мудом аз ҳисоби табодули донишҳо байни тамаддунҳо ривоҷ меёбанд.
Муҳимтар аз ҳама, арзишҳои умумӣ, ки ҳарду кишварро муттаҳид мекунанд, муносибатҳои онҳоро хеле босамар гардонидаанд.
Ҳарду давлат, ки ниҳоят дилрабоянд, аз экосистема, олами ҳайвоноту наботот ва зебогиҳои табиати худ меболанд.
Туризм қисми ниҳоят муҳими иқтисодиёти ҳам Африқои Ҷанубӣ ва ҳамТоҷикистон мебошад. Сайёҳон аз тамоми гӯшаҳои олам ба ин давлатҳо барои аз табиату муҳити нотакрорашон баҳравар гаштан сафар мекунанд. Ин ду кишвар ба сайёҳон чизҳои гуногун пешниҳод мекунанд. Агар Тоҷикистон ба сайёҳон фароғатҳои мухталиф дар табиатро ба мисли саёҳати пиёда пешниҳод намояд, Африқои Ҷанубӣ бошад, бо олами вуҳуши аҷоибаш ва саваннаҳо ҷолиб аст.
Ҳарчанд Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон сарҳадҳои умумӣ надоранд ва ҳатто дар қитъаҳои гуногун ҷойгиранд, вале ҳадафҳо, арзишҳо ва мақсадҳои умумӣ онҳоро муттаҳид мекунанд. Ба назари аввал ин халқиятҳо зоҳиран ягон наздикӣ надоранд, вале бунёди муносибатҳои қавии дӯстона ба ҳарду давлат имкон дод, ки манфиатҳо ва соҳаҳои рушди минбаъдаи умумиро пайдо кунанд. Ба наздикӣ ин ду кишвар дар соҳаи пахтапарварӣ барои табодули донишу таҷриба ҳамкории зич доштанд. Пахтакорӣ ҷузъи хеле аҳамиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, Африқои Ҷанубӣ низ дар ин соҳа манфиатҳои худро дорад. Барои табодули донишу таҷриба оиди усулу воситаҳои парвариши пахта корҳои муштарак бурда шуданд.
Бидуни шак метавон гуфт, ки ҳарду кишвар аз фаровонии захираҳои табиӣ, маъданҳо ва офтоб боянд.
Ҷойи тааҷуб нест, ки онҳо бо сифат ва тамъи маҳсулоти кишоварзии худ мефахранд.
Ҳавасмандии ҳарду давлат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли энергия шароит фароҳам меоварад, то онҳо дар соҳаҳои зикршуда корҳои муштараки таҳқиқотӣ ва истеҳсолиро ба роҳ монанд. Ҳамкориҳо дар соҳаи пахтапарварӣ ба густариши робитаҳои шарикии иқтисодӣ мусоидат кардаанд. Олимони тоҷик ба наздикӣ ба Африқои Ҷанубӣ барои муаррифии навъи нави ин растанӣ сафар доштанд, ки парвариши онбарои Африқои Ҷанубӣ ва қабл аз ҳама барои хоҷагиҳои пахтапарвари нав таъсис манфиатовар хоҳад буд.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Африқои Ҷанубӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои хеле муносиб доранд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ мувофиқ аст. Сатҳи пасти хароҷотҳои ғайримустақим ва музди меҳнат дар ин давлатҳо ҷолиб аст. Ҳукуматҳои ҳарду кишвар баҳри ҷалби сармоягузориҳои бештари хориҷӣ ва воридсозии донишу таҷрибаҳои нав ба иқтисодиёташон саъю кӯшиш мекунанд.