Хонаи дӯстии Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон

Дурнамои нав дар чорчӯбаи вохӯрии олимақом оиди рушди равияҳои асосии Шоҳигарии Лесото ва васеъ намудани доираи ҳамкорӣ бо CAG дида баромада шуданд

12 October 2017

Comments

0
 October 12, 2017
 0

12-уми октябри 2017 с., Шоҳигарии Лесото – Ҷаноби муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото,
муҳтарам Молелеки (Mr. Moleleki) вохӯрии олимақомро бо иштироки вакилони сатҳи болои
Ҳукумати Шоҳигарии Лесото ва намояндагони Central Asia Group (CAG) оиди рушди дурнамои
самтҳои асосии мамлакат, чун кишоварзӣ ва барқ, хайрамақдам гуфт.

Дар вохӯрӣ, Вазири Нақшагирии Рушд, ҷаноби Тохеланг Аумане (Mr. Tlohelang Aumane), ҷонишини
Директори шӯъбаи Барқ, ҷаноби Мохети Сейтлеко (Mr. Mokhethi Seitlheko), ва Директори шӯъбаи
Хизматрасонии Чорводорӣ, ҷаноби Молапо Хласоа (Mr. Molapo Hlasoa) дастовардҳои
муваффақонаи лоиҳаҳои озмоишии CAG-ро дар соҳаи кишоварзӣ давоми солҳои 2005–2009, бо
баҳои баланд арзёбӣ карда, омодагии худро нисбати тақвияти рушди дурнамои тиҷоратии
марҳилаи ояндаи он, ки аз тарафи Тан Лин Чунг (Mr. Tan Lin Chung) ва ҷаноби Виктор Дегувея (Mr.
Victor Degouveia), ҳайъати намояндагии CAG пешниҳод шуда буд, изҳор намуданд.
Инчунин, ҷаноби Дэвид Тефо Челе (David Tefo Chele) ва хонум Селло Мозелан (Sello Moselane),
олимони Шоҳигарии Лесото, ки аз Барномаи пахтапарии CAG дар Тоҷикистон баҳраманд шуда
буданд, миннатдории самии худро барои кӯмаки бонуфузи CAG изҳор карда, таёрии худро барои
саҳмгузорӣ воситаи донишу таҷрибаи соҳавии худ дар пиёда гардонидани барномаҳои нав,
пешниҳод карданд.
Чӣ тавре, ки дар вохӯрӣ қайд шуд, соҳаи барқ низ дар қатори кишоварзӣ ба навовариҳои монанд
ниёз дорад, ва аз ин сабаб, таъин кардани CAG ба ҳайси мушовир ва идоракунандаи лоиҳаҳои нав
дар ҳар ду соҳа, яъне барқ ва кишоварзӣ, танҳо ба фоидаи беҳтаркунӣ ва пешравии он заминаҳои
рушд мебошад.
Масъалаҳои амалии пешниҳодоти нав низ, аз тарафи иштирокчиёни вохӯрӣ, аз нуқтаи назари
таъмини маҳсулнокӣ, усулу воситаи фаъолияти чандир бо дурнамои миёнамақсад ва
дарозмуддати мувофиқ ҳамоҳангшуда, ҳамчунин дида баромада шуданд. Ба таври мушаххас,
тибқи қарори ҳамҷоя бояд кумитаи корӣ ташкил карда шавад, ки ба нақшагирии дақиқ ва
иҷроиши мунтазами фаъолиятҳои оянда шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
“Мо ба рушди мусбӣ боварӣ дорем, чун шароити кишоварзии маҷуда ва иқтидори соҳаи барқи
Шоҳигарии Лесото, имконият медиҳанд, ки мо, бо истифодаи оқилонаи усулу воситаҳои махсуси
илмӣ ва идоракунӣ, ҷараёнҳои нави пурмазмунро оғоз намоем”, – таъкид кард ҷаноби Тан Лин
Чунг (Mr. Tan Lin Chung).

Comments are closed.