Хонаи дӯстии Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон

Барномаи бомуваффақияти пахтапарварӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Леcото

28 August 2017

Comments

0
 August 28, 2017
 0

Барномаи пешқадами пахтапарварӣ, ки аз ҷониби CAG пиёда гардонида шуд, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Лесото имкониятҳои тоза  фароҳам меоварад. 

Ду олими кишоварз аз Шоҳигарии Лесото, ҷаноби Девид Тефо Челе (David Tefo Chele) ва хонум  Селло Мозелан (Sello Moselane), Барномаи пахтапарвариро дар Институти  иқтисоди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон, бомуваффақият хатм намуданд.  Барномаи махсус таҳти роҳбарии бевоситаи Директори Институти иқтисоди кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳо, профессор Пириев Ҷалил, таҷлил карда шуд.

“Ман хушбахтам ва ифтихормандам аз он, ки пахтапарвариро дар Тоҷикистон омухтам, дар мамлакате, ки дорои таъриху суннати пахтапарварии бисёрсола аст. Мехоҳам ин дониши нодири  худро баҳри рушди соҳаи кишоварзии Лесото ва омузонидани ҳамватанони худ истифода барам”, – қайд кард мутахассиси нави пахтапарварӣ, хонум  Селло Мозелан.

Барномаи пахтапарварӣ ба мустаҳкамшавии муносибатҳои дуҷонибаи бародаронаи  Тоҷикистон ва Лесото саҳми худро гузошта, ба гузариши марҳилаи боз ҳам амалии он, ки ҳар ду тараф руй ба самти технологияи муосир ва такмили ихтисос ниҳодаанд, мусоидат мекунад.

Дастгирии бонуфузи Ҷаноби муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото, мӯҳтарам Молелеки (Mr. Moleleki) сабаби ифтихормандии  Барномаи пахтапарварӣ аст, ки салоҳияти пурмазмуни рушди иқтисодиёти мамлакати худро дар барномаҳои нави кишоварзӣ ва воситаи онҳо шумораи нави ҷойҳои корӣ ва беҳбудии ҳаёти мардуми Босоторо мебинад. Маҳз чунин як лоиҳаи муваффақ дар чорчӯбаи Барномаи пахтапарварӣ дар асоси усулҳои санҷидаву боэътимоди Тоҷикистон, дар Лесото ба роҳ монда шудааст.

Имкониятхои ояндаи Барномаи пахтапарварӣ таҳкурсии устувор дорад. Миқёси ҷуғрофӣ ва иқлими Лесото барои пахтапарварӣ шароити мувофиқ фароҳам меоварад. Бар замми он, ҳисси баланди ӯҳдадории мутахассисони содиқ ва талаботи қувваи касбии корӣ дар Лесото, гурӯҳи кории CAG-ро водор месозад, ки марҳилаҳои нави Барномаи пахтапарвариро рушд диҳад.

Чорчӯбаҳои корӣ барои ҳамкории самаранок ва ҷавобгӯи хоҳишу талаботи халқ, ва инчунин амалигардонии босифати нақшаҳои оянда, аз тарафи мутахассисону коршиносони баландихтисос, ки аз тарафи CAG даъват шудаанд,  таҳия карда мешаванд.

Comments are closed.