Хонаи дӯстии Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон

Барномаи пахтапарварӣ дар Шоҳигарии Лесото ба сатҳи нав ҷаҳид / гузашт

22 July 2017

Comments

0
 July 22, 2017
 0

ШОҲИГАРИИ ЛЕСОТО, 22-юми июли 2017 с. – Барномаи пахтапарварӣ ба сатҳи нав ҷаҳид

Муваффақиятҳои озмоишҳои пахтапарварӣ, тӯли чанд соли гузашта, бо усулу дороиҳои биологии Тоҷикистон ва инчунин таҳти роҳбарии олимони тоҷик, бо пуррагӣ ба сатҳи нав гузашт.

Муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистон ва Лесото ба марҳилаи фаъолтари амалие гузашт, ки ҳар ду тараф давраи воқеии роҳандозиро ба самти гузариш ба технологияи муосир ва такмили ихтисос тамаркуз ниҳодаанд.

Ба ин ташаббус аз тарафи Ҷаноби муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото, мӯҳтарам Молелеки (Mr. Moleleki) кӯмаки бонуфуз дода шуд, чун ӯ салоҳияти пурмазмуни рушди иқтисодиёти мамлакати худро дар барномаҳои нави кишоварзие мебинад, ки мардуми Босоторо бо ҷойҳои кории лозимӣ таъмин кунанд, ва аз он ҷумла воситаи парвариши пахта дар Лесото бо усулҳои санҷидаву бовариноки пахтапарварии Тоҷикистон.


Фурудгоҳи байналмиллали Мошоешое (Moshoeshoe)


Фурудгоҳи байналмиллали Тамбо (Tambo)


Фурудгоҳи байналмиллали Дубай (Dubai)


Фурудгоҳи байналмиллали Душанбе (Dushanbe)

Ҷаноби Молелики, раванди интихобкунии ду олими кишварашро барои ташрифи Тоҷикистон баҳри омӯзиши пахтапарварӣ, шахсан таҳти назорати худ гирифт. Ҳар ду намояндагон ташрифи худро ба Тоҷикистон арз намуда, аз ҷониби доктор Ҷалил Сафарович Пириев, директори Институти иқтисоди кишоварзии Тоҷикистон Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон, барои ҳамкории паҳлӯ ба паҳлӯ бо тадқиқотчиёнаш ва омӯзиши васеи пахтапарварӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи ҷаноби Шералӣ Давлатов, директори генералии CAG Тоҷикистон ва ҷаноби Фарҳод Давлатов, ҷонишини  директори генералии CAG Тоҷикистон, самимона истиқбол гирифта шудаанд.



Мо итминон дорем, ки чунин рушди кишоварзӣ метавонад  заминҳои паҳновари холиро дар Лесото инкишоф диҳад ва манфиатҳои иқтисодии мамлакатро бо ашёи дигари муҳими ҷаҳонӣ, чун пахта, таъмин намояд.

Бо чунин рушди пешқадамонаи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақа бевосита ё мустақиман муносибатҳои ҳар ду кишвар чун Лесото ва Тоҷикистон инкишоф меёбанд.

Comments are closed.