25 май, с 2018, Сэндтон, Африкаи Ҷанубӣ – Шоҳзодаи тоҷдори Свазиленд, Ҷаноби Олӣ Мсвати III (His Excellency Mr. Mswati III), Муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото, мӯҳтарам ҷаноби Моняне Молелики (Honorable Mr. Monyane Moleleki), намояндагони Вазоратҳои Шоҳигарии Лесото, ва намояндаи CAG дар Африкаи Ҷанубӣ (CAG SA), ҷаноби Виктор Дегувейя (Mr. Victor Degouveia) оиди имкониятҳои ояндадори соҳаи аввалиндараҷаи Шоҳигарии Лесото ва Свазиленд, кишоварзиро чун равияи умедбахши пешравии иқтисодиёт ва роҳи ташкили ҷойҳои нави корӣ, ивази афкор намуданд.
Ҷиддияти маҳви бекорӣ ва зарурияти таъҷилии пайдо намудани имкониятҳои нав ва фикру ақидаҳои тоза барои ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ дар ин давлатҳои соҳибистиқлоли ҷавон чун Шоҳигарии Лесото ва Свазиленд, аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ таъкид карда шуд. Аз ин лиҳоз, лоиҳаҳои кишоварзӣ ҳамчун ҷанбаи муносибу дарозмуддати рушд ва воситаи ҷонноккунии иқтисодиёт ба шумор мераванд.
Мӯҳтарам Муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото, ҷаноби Моняне Молелики дараҷаи баланди касбияти CAG-ро ёдрасон намуда, таҷрибанокӣ, дороияти шабакаи касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки солҳои гузашта дар мамлакатҳои Африка ва Осиё, бо истифодабарии дурнамову дониши мушаххаси ба таври мутобиқ амалӣ гардонидашуда, ки усули амиқу махсуси илмӣ ва роҳбаладиро талаб менамояд, исботи худро ёфта буданд.
Мувофиқи хулосаи умуми ин вохурии пурсамар, фаъолияти CAG дар Африкаи Ҷанубӣ минбаъд лоиҳаҳои нави рушди кишоварзиро нисбати Шоҳигарии Лесото ва Свазиленд бо таваҷҷӯҳ ба ташкили ҷои корӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ ба роҳ мемонад.
Сарчашмаи ассосии ҳавасмандӣ ва боварии саҳмгузорону соҳибкорон, ки ҳамеша ба ҳукуматдорон дар рушди муваффақ ва нумӯи иқтисодиёт кӯмак менамоянд, ин тайёрӣ ва равшанфикрии роҳбарони кишварҳост, ки ба ин моманд имруз аз ҷониби шарикони воломақоми вохурии мазкур мебинем. Мо имтиминон дорем, ки пас аз 10 соли оянда соҳаи кишоварзӣ натиҷаҳои беҳтаринро дар Лесото ва Свазиленд хоҳад нишон дод, ба шарте, ки шароити аққалии имруза нигоҳ дошта шавад, таъкид кард ҷаноби Виктор Дегувейя (Mr. Victor Degouveia) баъди вохӯрӣ.
Қадамҳои оянда шумораи нави вохӯриҳо, таҳлили ҳамаҷонибаи захираҳо ва коркарди нақшаҳои махсуси кориву соҳибкориро, баъди машваратҳои мушаххаси илмии CAG бо олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ, ба миён меовард.
Comments
0