28 феврали соли 2018, Шоҳигарии Лесото – Муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото, ҷаноби мӯҳтарам Моняне Молелики (Mr. Monyane Moleleki) ба иштирокчиёни вохӯрии сатҳи баланд, намояндагони CAG ҷаноби Виктор Дегувея (Mr. Victor Degouveia) ва хонуми ӯ Кармел Дегувея (Mrs. Carmel Degouveia) хайру мақдам гуфта, дар рафти ин вохӯрӣ тарафайн марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро байни Ҳукумати Лесото ва CAG дар се соҳаи муҳими рушд муҳокима намуданд.
Мувофиқи хулосаҳои умумӣ, фаъолияти CAG то имрӯз дар Лесото баҳои баланд гирифта, ҳамчун самаранок ва дурбину ба манфиатҳои Шоҳигарии Лесото ҷавобгӯ эътироф гардид, ва ба ин хусус, барои идома додани фаъолияти CAG дар се самти рушди муҳими Лесото, яъне энергетика, хоҷагии қишлоқ ва муҳаё намудани ҷойҳои корӣ, таҳкурсӣ гузошт.
Ҷузъи рушди қувваи корӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибии фаъолият дар самти рушд ва усули анъанавии кории CAG, барои таҳкими қувваи кории маҳаллӣ ва таъмини устувории иқтисодӣ дар оянда имконият хоҳад дод.
«Ин вохӯрӣ эътимоди моро ба омодагии ҳаматарафаи Ҳукумати Лесото, ва бевосита ҷаноби Моняне Молелики (Mr. Monyane Moleleki), дар робита бо баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми Лесото, боз ҳам қавитар гардонида, моро илҳом мебахшад ва водор месозад, ки ба нафъи рушди ин кишвари зебо ҳаддалимкон молиягузорӣ кунем”, – қайд кард баъд аз вохӯрӣ ҷаноби Виктор Дегувея (Mr. Victor Degouveia).
Чӣ тавре, ки дар рафти вохӯрӣ қайд шуда буд, силсилаи навбатии вохӯриҳо дар сатҳи баланд байни ҷаноби Моняне Молелики (Mr. Monyane Moleleki) ва намояндагони филиали CAG дар Йоханнесбург, Африкаи Ҷанубӣ, баргузор мегардад.
Дар ин робита, гурӯҳи CAG масъалаи захираҳоро ҳамаҷониба таҳлил намуда, баъд аз муҳокимаҳои васеъ ва мушаххаси ҳаҷми корҳои навбатӣ ва усули корӣ, ки беҳтар намудани ҳаёти мардуми Лесоторо ҳадаф мекунад, нақшаи нави стратегиро кор карда мебарояд.
Comments
0