Хонаи дӯстии Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон

Мулоқоти аввалини Хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс (Keitumetsi Seipelo Thandeka Matthews), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Африкаи Ҷанубӣ бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, Тоҷикистон, 19 -22 ноябри соли 2017.

21 November 2017

Comments

0
 November 21, 2017
 0

Сафири нави Африкаи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, Хонум  Кийтуметси С.Т. Мэттюс (Keitumetsi Seipelo Thandeka Matthews) ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эътимодномаҳои худро дар шаҳри Душанбе 21 ноябри соли 2017 пешкаш намуда, дар мусоҳибаи худ қайд кард, ки:  «Тоҷикистон ва Африкаи Ҷанубӣ барои дар оянда ба ҳамкориҳои дуҷонибаи босамар умумиятҳои  зиёде доранд.  Алалхусус, боварӣ дорам, ки кӯҳҳо, фарҳанг ва иқтисодиёти рушдёбанда, ба мо кӯмак мекунанд, аз ҳамдигар биомӯзем ва баҳри манфиатҳои ҳар ду давлат – Тоҷикистон ва Африкаи Ҷанубӣ, ҳамҷоя ширкат варзем».

Як қатор вохӯриҳои сатҳи баланд, ки аз тарафи CAG ҳангоми ташрифи мазкури Сафир, дар  Душанбе ташкил шуда буданд, ҳамчун рамзи пайвасти кӯпрукҳои нави шарикӣ дар бахшҳои гуногуни рушди ҳар ду мамлакат -Тоҷикистон ва Африкаи Ҷанубӣ шинохта шуда метавонанд.

Comments are closed.