27 апрел, с. 2018, ш. Остона, Қазоқистон – CAG бо камоли майл дар меҳмонии Сафорати Африкаи Ҷанубӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ҷашни Рузи Миллии Африкаи Ҷанубӣ дар ш. Остона, 27 апрели 2018, қатори намояндагони Ҳукуматҳо, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сафирон ва соҳибкорони боэътибори давлатҳои Осиёи Марказӣ, ширкат варзид.
Ҷашнвораи мазкур ба 24-умин солгарди Рузи Озодӣ, ва хусусан рамзӣ ба ҷашни 100 солагии Нелсон Мандела (“Мадиба” чун номи маҳаллии Нелсон Мандела дар сатҳи Африкаи Ҷанубӣ) бахшида шуда буд. Роҳбарии Мадиба чун маводи асбобӣ баҳри таҷлили якумин интихоботи демократии Афика, ки 24 сол инҷониб амалӣ гардида буд, хизмат кард, ва ниёгони ӯ дар пешқадамшавии Африкаи Ҷанубӣ дар минтақаи худ ва тамоми ҷаҳон, ҳавасманд намуд. Нелсон Мандела ҳимоягари глобалии ҳуқуқи инсон, демократия ва чемпиони бовафои сулҳу адолати ҷомеӣ, ҳам барои миллати худ ва ҳам барои тамоми ҷаҳониён, шинохта шуда буд.
Бо камоли эҳтиром Нелсон Мандела дар Африкаи Ҷанубӣ ҳамчун “Падари Миллат” қабул гаштааст.
Иштирок дар чунин чораҷӯии ҷолиб бахшида ба Рӯзи Миллии Африкаи Ҷанубӣ боиси мамнунияти гуруҳи CAG буд, ки аз тарафи сохтори мӯҳтарам, Сафорати Африкаи Ҷанубӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таҷлил карда шуда буд, ва ҷониби кормандонаш бо таври равону муттасил ба яке аз беҳтарин ҷамъомадҳои дипломатии шаҳри Остона мубаддал шуд.
Баҳои баланд ба роҳбарият, ва пеш аз ҳама ба нутқи илҳомбахши Хонуми Олимақом Кейтсумеси Т.С. Метю (Keitumetsi T.S. Matthews) дода шуд, ки таъсири он дар дили ҳар як иштирокчӣ нақш баст. Бо шарофати кӯшишу меҳнати Сафорати Африкаи Ҷанубӣ, таҳти роҳбарияти хирадмандонаи Хонуми Олимақом Кейтсумеси Т.С. Метю, давоми якчанд солҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи Африкаи Ҷанубӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон руй ба таҳкими назаррас оварданд.
Comments
0